“Аталанта” аввалин бор дар таърих ба даври нимниҳоии Лигаи Аврупо роҳ ёфт

“Аталанта” аввалин бор дар таърих ба даври нимниҳоии Лигаи Аврупо роҳ ёфт

Бозии ҷавобии марҳилаи чаҳорякниҳоии Лигаи Аврупо дар Италия ба анҷом расид, ки дар он «Аталанта» дар майдони худ аз тими «Ливерпул» бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Бозии аввали дастаҳо дар “Энфилд” бо ҳисоби 0 бар 3 ба фоидаи “Аталанта” анҷом ёфта буд. Ҳамин тавр, аз натиҷаи ҳар ду бозӣ “Аталанта” ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Ягона голи дастаи “Ливерпул”-ро дар ин бозӣ Муҳаммад Салоҳ дар дақиқаи 7-ум аз пеналти ба самар расонид.

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин бозии нимниҳоии Лигаи Аврупо барои бошгоҳи шаҳри Бергамо дар таърих аст. То имрӯз натиҷаи беҳтарини «Аталанта» дар арсаи Аврупо расидан ба чорякфинали Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2019/20 буд.