“Атлетико” ба муҳри худ меояд
Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” баъди бохт аз “Боруссия Дортмунд” (0:4) тавонист дар майдони худ “Реал Сосейдад”-ро шикаст бидиҳад. Дидори дастаҳо дар доираи даври 10-уми Ла Лига дар варзишгоҳи “Ванда Метрополитано” сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 хатм шуд. Голи якумро дар дақиқаҳои охири қисмати аввал сарвони даста Диего Годин ба самар расонид. Филипе Луис пас аз ба майдон баромаданаш дар дақиқаи 60-ум муаллифи голи зебои дидор гардида, ба “Атлетико” се имтиёз овард. Пас аз ин пирӯзӣ “Атлетико Мадрид” бо касби 19 имтиёз садрнишини ҷадвали Ла Лига шуду “Реал Соседад” бошад, бо 12 хол дар мақоми 12-ум қарор дорад.
Таҳияи: Фаридун