Австралия рақиби худро дар марҳилаи ҳазфӣ интизор аст

Австралия рақиби худро дар марҳилаи ҳазфӣ интизор аст

Дар доираи даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё u-19 мунтахабҳои Австралия ва Урдун бо ҳам дар варзишгоҳи “Пакансарӣ” рақобат карданд. Қабл аз дидори мазкур Австралия бо касби чор имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳи С буд, Урдун бошад, бо се хол дар мақоми сеюм. Австралияро як имитёз ба марҳилаи ҳазфӣ мебурд, футболбозони Урдунро мебоист пирӯз шаванд то ин ки рақобатҳои худро дар марҳилаи навбатӣ идома бидиҳанд. Бозиро Австралия фаъол оғоз карда, аллакай дар дақиқаи 10-уми рақобат ҳуҷумкунандаи даста Оливер Пафлетт ҳисобро кушод. Пас аз ин гол урдуниҳо фишорро зиёд карда, бозигарони хати ҳуҷуми даста тақрибан се чор имконияти голзаниро доштанд , вале нимаи аввал бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. Дар қисмати дуюм сармураббии Урдун Аҳмад Абу якчанд тағйиротҳоро ба ҳайати аввалияи дастааш ворид кард ва урдуниҳо дар дақиқаи 76-ум бо голи задаи Умар Ҳанӣ ҳисобро баробар карданд. Новобаста аз талошу кушишҳои тими Урдун дар дақиқаҳои боқимонда ҳисоби дидор иваз нагардид ва Австралия бо касби панҷ имтиёз ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ роҳ ёфт.

Таҳияи: Фаридун