Аввалин El Clasico бидуни Месси ва Роналду

Аввалин El Clasico бидуни Месси ва Роналду

Дар Испания яке аз бозии ассосии сол баргузор мешавад. Эл Класико – бидуни ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳот бозии ҷолибтарин дар футболи имрӯза ба ҳисоб хоҳад рафт. Бори аввал давоми 11 сол Эл - Класико бидуни ситораҳои имрӯзаи футбол ва ҷолибкунандаи ин бозӣ Лионел Месси ва Криштиану Роналду сурат мегирад. Бархеҳо қотеона мегӯянд, ки ин дигар Эл - Классико нест, аммо ин сухан дур аз мантиқ мебошад. Чун Эл - Классико муҳимтарин дидори футболӣ пеш аз омадани футболбозони аргентинӣ ва португалӣ буд ва баъд аз онҳо ҳам чунин боқӣ хоҳад монд. “Барселона” ҳафтаи равон бозии Лигаи Чемпионҳоро бо осонӣ анҷом дод ва муддаӣ барои ғолиб шудан ба ҳисоб меравад. «Реал» бошад - дар ҳоли буҳрон аст ва ба дарвозаи тими «Виктория»-и Чехия бо мушкилӣ ду гол зад. Мо борҳо дар таърих шоҳиди он шудаем, ки муддаӣ дар ин майдондорӣ нақш набозидааст. Пешгӯии натиҷаи ин дидор қариб номумкин аст. Рақобати дастаҳои “Барселона” ва “Реал”-ро, ки дар доираи бозиҳои даври 10-уми мусобиқоти Ла Лигаи Испания сурат мегирад, телевизиони “Варзиш” мустақиман манзури мухлисони футбол хоҳад кард.


EL-CLASICO.jpg