Аввалин иштирокчии даври ¼-ниҳоии Антверпен маълум шуд

Аввалин иштирокчии даври ¼-ниҳоии Антверпен маълум шуд

Рақобатҳо дар доираи мусобиқаи кушоди тенниси Антверпени Белгия ҷараён доранд. Варзишгари шинохтаи итолиёӣ - Янник Синнер дар даври дуюм бо шикаст додани ҳамватани худ Лоренсо Музетти аввалин шуда, ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ роҳхат гирифт.

Даври дуюми мусобиқаи кушоди тенниси Антверпен-250-и Белгия бо рақобати ду варзишгари итолиёвӣ - Янник Синнер ва Лоренсо Музетти оғоз шуд. Дар ин дидор Янник Синнер, ки нисбат бар ҳамватани худ дар рейтинги ҷаҳонӣ мавқеи беҳтар дорад, бартарии бозиро ба даст гирифт ва дар гузораи ду пайт бо ҳисоби 7:5 ва 6:2 зафар ёфт. Рақобати варзишгарон дар корти марказии Антверпен муддати 1 соату 35 дақиқи тӯл кашид. Ҳамакнун Янник Синнер муборизаро дар даври ¼ ниҳоӣ идома медиҳад. Ҳарифи ӯ Артур Риндеркнеш аз Фаронса мебошад. Ёдовар мешавем, ки фонди ҷоизавии мусобиқаи Антверпен дар соли ҷорӣ беш аз 508 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Қаҳрамони соли гузаштаи ин мусобиқа Уго Ҳумберти фаронсавӣ мебошад.