Ҳайати 19 нафараи «Барселона» бар муқобили «Реал»

Ҳайати 19 нафараи «Барселона» бар муқобили «Реал»

Бошгоҳи “Барселона” дар сомонаи расмиаш исми 19 футболбозашро барои бозии даври 10-уми Ла Лига бар муқобили “Реал” эълон намудааст. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дар рӯйхати мазкур сарвони “нилунориҳо” Лео Месси аз сабаби ҷароҳати дасташ шомил нашудааст. Инчунин дифоъгари асосии каталониҳо Самуэл Юмтити низ бар асари ҷароҳат ба сафи даста ҳамроҳ нашудааст.

Ҳайати «Барселона»: 

Дарвозабонҳо – Марк-Андре тер Штеген, Яспер Силлессен; 

Дифоъгарон – Нелсон Семеду, Жерар Пике, Клеман Лангле, Жорди Алба, Чуми; 

Нимҳимоятгарон – Иван Ракитич, Серхио Бускетс, Денис Суарес, Филиппе Коутиню, Артур Рамос, Усмон Дембеле, Рафиня Алкантара, Малком, Серхи Роберто, Артуро Видал; 

Ҳамлаварон – Луис Суарес, Мунир Эл-Ҳаддади.

Ёдовар мешавем, ки бозӣ байни бошгоҳҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” имшаб соати 20:10 бо вақти Душанбе ба таври мустақим аз шабакаи ТВ “Варзиш” манзури тамошобинон мешавад.

апрапвар.jpg