Қайиқронҳои тоҷик аз Самарқанд бо 7 медал баргаштанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ, ки 20-25 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори 7 медал гардиданд. Ҳайати дастаро дирӯз дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Федератсияи қайиқронӣ, хешу наздикон ва ҳаводорони варзиш истиқбол намуданд. Дар маросими истиқболи варзишгарон қайд гардид, ки варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаҳои 500 ва 1000 метр бо каноэи якнафарӣ ба гирифтани ду медали тилло мушарраф шуд. 5 медали биринҷиро варзишгарони мо дар қувваозмоиҳои даставӣ (чорнафарӣ) сазовор шуданд. Дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар масофаи 1000 метр Шаҳриёр Даминов, Мустафо Даминов, Иван Ковалев, Дилшод Ҷӯраев, дар масофаи 500 метр Шаҳриёр Даминов, Мустафо Даминов, Абубакр Рустамов, Дилшод Ҷӯраев, миёни ҷавонони то 17-сола Мунира Бобоҷонова, Зумрат Пирназарова, Камила Пирназарова, Нозанин Лутфуллоева медали биринҷӣ ба даст оварданд. Ду медали дигари биринҷиро варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё сазовор шуданд: дар масофаи 1000 метр бо байдаркаи якнафарӣ Абдусаттор Ғаффоров ва дар байдаркаи дунафарӣ Абдусаттор Ғафуров ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров.
Манбаъ: http://olympic.tj/