Ба ҳайати “Регар-ТадАЗ” боз як легионери нав аз Гана пайваст шуд

Ба ҳайати  “Регар-ТадАЗ” боз як легионери нав аз Гана пайваст шуд

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода ҳайати худро бо дифоъгари марказӣ Усмон Кассим пурқувват кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Турсунзода хабар додаааст.

Усмон Кассим 22 сол дошта, ба ҳайси дифоъгари марказӣ бозӣ мекунад ва бо дастаи “Регар-ТадАЗ” як сол қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонид.

Ӯ фаъолияти футболбозии худро аз мавсими 2020-21 дар ҳайати дастаи “Акра Лайонс”-и Гана оғоз карда, то тобистони соли 2023 дар ҳайати ин даста бозӣ кардааст.