Баҳодур ва Шаббосро дастгирӣ мекунем!

Баҳодур ва Шаббосро дастгирӣ мекунем!

Имрӯз, 1-уми ноябр дар даври 1/8 ниҳоии рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс кишвари моро ду муштзани шинохтаи тоҷик ва иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Баҳодур Усмонов (63.5кг) ва Шаббос Негматуллоев (80кг) намояндагӣ мекунанд.

Баҳодур Усмонов дар даври мазкур бо Сомчай Вонгсуван аз Тайланд ва Шаббос Негматуллоев бошад, бо Кейлан Кассидӣ аз Ирландия рақобат мекунанд. Рақобатҳои мазкурро метавонед соати 22:00 тариқи шабакаи ТВ “Варзиш” мустақиман тамошо намоед. Дар ин рақобатҳои сахту сангин ба муаррифгарони бокси тоҷик дар арсаи байналмилалӣ барору комёбӣ таманно дорем.

#Тоҷикистонбапеш!