Баргузории рақобати деринтизори Хасбик ва Абдурозиқ дар UFC

Баргузории рақобати деринтизори Хасбик ва Абдурозиқ  дар UFC

Блогери рус - Асҳоб Тамаев иддао дорад, ки президенти UFC Дана Уайт омода аст, набарди Ҳасбуллаи доғистонӣ ва овозхони тоҷик Абдурозиқро ба маблағи 1,5 миллион доллар бихарад, хабар медиҳад Prosports.kz. Дар моҳи сентябр Тамаев бо Ҳасбик мулоқот кард ва ваъда дод, ки дар саҳифаи Инстаграми худ доир ба набарди Ҳасбик ва Абдурозиқ "хабари хеле ҷолиб" нашр мекунад.

Ҳамчунин дар арафаи Асҳоб дар бораи вохӯрӣ бо Абдурозик як мақола нашр карда, хабари боз ҳам баландтарро нашр кард: “Дана омода аст, ки набарди Ҳасбик ва Абдурозиқро арзиши бо 1,5 миллион доллар харидорӣ кунад. Ман мехоҳам фикри шуморо бишнавам."

Тамаев ин нашрро бо сурати яқчоя бо Абдурозик ва тасдиқи (скриншоти) суханонаш бо президенти UFC-ро дар саҳифааш нашр намудааст.

Дана Уайт, ки ба таври расмӣ нияти таҳти сарпарастии UFC баргузор кардани ин муборизаро изҳор карда буд, дар бораи маблағи мушаххас чизе нагуфт, вале хостааст, ки Асҳоб ба ӯ рақами телеграмиашро ирсол намояд.

Гарчанде, ки Хасбик ва Абдурозиқ размоварони ҳирфаӣ нестанд, вале бо ҳунару маҳорати хеш тамоми дунёро ба худ ҷалб намудаанд.

Тибқи маълумти «Спорт Экспресс» қади Хасбиқ – 93 см ва вазнаш – 18 кг буда, қомати Абдурозиқ ба 1 м баробар аст, дар ҳоле,ки вазнаш 17 кг мебошад.