Барои бонувони ҷудокори тоҷик Antalya Grand Slam 2024 бебарор анҷом ёфт

Барои бонувони ҷудокори тоҷик Antalya Grand Slam 2024 бебарор анҷом ёфт

Дар рӯзи якуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 ду бонуи ҷудокори тоҷик баромад карда, ноком шуданд.

Аҳлия Муминова (-52 кг) дар даври аввал аз намояндаи Полша - Александра Калета мағлуб шуда, мусобиқаро тарк кард.

Насиба Карликова (-52 кг) дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм аз Бинта Ндиайеи шветсарӣ дар 34 сония мағлуб шуда, мусобиқаро тарк кард.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур танҳо ду бону намояндагӣ мекарданд.