Баромади варзишгарони маъюб дар шаҳри Кӯлоб
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнабардорӣ байни варзишгарони имконияташон маҳдуд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 5 даста аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷараён гирифт, ки шумораи зиёди варзишгаронро ба ҳам овард. Маврид ба ёдоварист, ки мусобиқаи вазнабардорӣ дар баробари мардон миёни бонувон низ басо ҷолибу хотирмон ҷараён гирифт ва баъди ба даст овардани ғолибият беҳтарин варзишгарон ба давраҳои ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Тавре масъулини Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд шароити баргузории мусобиқа барои чунин афрод дар шаҳри Кӯлоб ба таври зарӯрӣ ба роҳ монда шуда, онҳо маротиба чорум аст, ки маҳз дар ин макон мусобиқаҳои ҷумҳуриявиро баргузор менамоянд. Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб низ ҷиҳати дар сатҳи зарӯрӣ ба роҳ мондани ин ҳамоиш аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, дар якҷоягӣ бо ситоди доварон беҳтарин варзишгаронро муайян намуданд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории ин чорабинӣ вусъат додани таваҷҷӯҳ ва ташаккули муносибати мусбат ва ҳисси эҳтиром нисбати шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ҷалби чунин ашхос ба намудҳои гуногуни варзиш вобаста ба имконият, рушди қобилияти шахсӣ ва таҳкими зиндагии шахсони дорои маъюбият унвон карда шуд. Маврид ба ёдоварист, ки риштаҳои варзиши вазнбардорӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар Тоҷикистон ривоҷ ёфта истодааст ва таваҷӯҳу ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа аз ҷониби масъулони соҳа метавонад ба рушду нумуъ ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани варзишгарони мо мусоидати созгор намояд. Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур давоми ду рӯз идома кард ва дар ҷамбаст ғолибон ва беҳтарин варзишгарон аз ҷониби масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бо нишону ифтихорнома қадршиносӣ карда шуданд.