«Барселона» бидуни Месси ҳам муҷаллост

«Барселона» бидуни Месси ҳам муҷаллост

Дар бозии 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бошгоҳи “Барселона” бо тими “Интер” майдондорӣ намуд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи “Камп Ноу” сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба суди “нилунориҳо” хатм шуд. Дар ин дидор голҳои ғолибонро Рафиня ва Жорди Алба ба самар расониданд. Акнун баъди ин бозӣ метавон гуфт, ки “Барселона” бидуни Месси низ метавонад, ки дилхоҳ дастаро ноком кунад. Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаҳои “ПСВ” ва “Тоттенхэм” рақобат намуданд, ки бозии мазкур бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар ҳоли ҳозир “Барселона” бо дарёфти 9 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи “В” мебошад. “Интер” бошад, бо 6 хол дар зинаи 2-юм ҷой гирифтааст.

Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи гурӯҳӣ.

Гурӯҳи “В”

"Барселона" (Испания) - "Интер" (Италия) - 2:0 (1:0)

Голҳо: Рафиня, 32 (1:0). Жорди Алба, 83 (2:0).

"Барселона": тер Штеген, Серхи Роберто, Пике, Лангле, Жорди Алба, Ракитич, Бускетс, Артур (Видал, 78), Рафиня (Семеду, 72), Суарес, Коутиню (Эл-Хаддади, 88).

"Интер": Ханданович, Д`Амброзио, Шкриняр, Миранда, Асамоа, Кандрева (Политано, 46), Весино, Брозович, Валеро (Мартинес, 63), Перишич (Балде, 77), Икарди.

ПСВ (Голландия) – "Тоттенхэм" (Англия) – 2:2 (1:1)

Голҳо: Лосано, 30 (1:0). Лукас, 39 (1:1). Кейн, 55 (1:2). де Йонг, 87 (2:2).