“Барселона” нокомии “Реал”-ро такрор намуд

“Барселона” нокомии “Реал”-ро такрор намуд
Дар бозии даври 6-уми Ла лигаи Испания дастаи “Барселона” меҳмони тими “Хетафе” шуд. Барселона то ин бозӣ зери роҳбарии Куман ҳеҷ бор мағлуб нашуд.
  Куман дар ин дидор Дембеле ва Педро Лопесро дар ҳайати асосӣ ба майдон ворид сохт. Дар қисми аввали дидор Лео Месси барои Лангле фурсати хуби голзаниро фароҳам овард, вале  дифоъгари нилунориҳо тубро ба дарвоза ворид кардан натавонист. Баъд аз ин беҳтарин фурсат барои Антуан Гризманн пайдо шуд, аммо бозигари фаронсавӣ як ба як натавонист дарвозабони мизбононро фиреб диҳад. 
Дар оғози нимаи дуввуми майдондорӣ футболбозони “Хетафе” ба ҳуҷумҳои позитсонӣ гузаштанд. Дар яке аз чунин ҳамлаҳо Френки де Йонг дар дохили ҷаримагоҳи дастаи худ қоидаи бозиро вайро намуд ва довар ба нуқтаи зарбаи 11-метра ишора кард. Аз пеналти Хайме Мата бидуни иштибоҳ тубро ба дарвоза ворид намуда, ҳисобро 1:0 ба суди мизбонон кард. Ҳарчанд ҳар ду даста имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, то охири майдондорӣ ба дастаҳо дигар муяссар нашуд, то ба дарвозаи ҳамдигар гол зананд.