«Барселона» ҷойгузини Кике Сетйенро пайдо кард

«Барселона» ҷойгузини Кике Сетйенро пайдо кард

Сармураббии «Барселона» - Кике Сетйен дар сурати бохт аз дастаи «Атлетико» ва «Вилярреал» аз мақомаш барканор карда мешавад. Роҳбарияти дастаи каталонӣ қарор баровардааст, ки дар сурати барканории Кике Сетйен «Барселона»-ро то анҷоми мавсим сармураббии «Барселона Б» Хавйер Гарсия ба ӯҳда мегирад.

Сетйен сармураббигии “нилунориҳо”-ро моҳи январи соли 2020 ба зимма гирифта буд. Бо роҳбарии ӯ даста 17 бозӣ доир намуда, 11 бор пирӯзӣ, 3 бохт ва 3 мусовӣ дорад. Қарордоди ҳамкории мутахассис ва даста то соли 2022 эътибор дорад. То омдани Сетйен дастаро Эрнесто Валверде тамрин медод. Ёдовар мешавем, ки сар аз мавсими нав “Барселона”-ро дастпарвари ин тим нобиғаи футболи муосир - Хавии дастон тамрин медиҳад.