«Бавария» ба дастаҳои камбаҳо раҳм намекунад

«Бавария» ба дастаҳои камбаҳо раҳм намекунад

Дастаи “Бавария” дар рақобати 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаи «Бенфика»-ро голборон кард. Дидори дастаҳо дар шаҳри Мюнхен баргузор шуда, бо натиҷаи бузурги 5:2 ба суди мизбонон хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ голҳои ғолибонро Левандовски (хет-трик), Гнабри, Сане ва тӯбҳои меҳмононро бошад Морату ва Нунйес ҳаққи муаллифӣ намуданд. Баъди ин пирӯзӣ “Бавария” бо касби 12 имтиёз садрнишини гурӯҳи “Е” мебошад.

Лигаи Чемпионҳо

Гурӯҳи E

«Бавария» (Олмон) — «Бенфика» (Португалия) — 5:2 (2:1)

Голҳо: Левандовски, 26 (1:0). Гнабри, 32 (2:0). Морату, 38 (2:1). Сане, 49 (3:1). Левандовски, 61 (4:1). Нунйес, 74 (4:2). Левандовски, 84 (5:2).