“Бавария” ва “Реал” дар даври нимниҳоии ЛЧ ғолибро муайян накарданд

“Бавария” ва “Реал” дар даври нимниҳоии ЛЧ ғолибро муайян накарданд

Бозии аввали даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо миёни дастаҳои “Бавария” ва “Реал Мадрид” ба анҷом расид. Бозӣ дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 хотима ёфт.

Дар дақиқаи 24-ум вингери тими “Реал Мадрид” - Винисиус Жуниор ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 53-юм ҳисобро ҳамлагари мизбонон Лерой Сане баробар кард. Дар дақиқаи 57-ум ҳамлагари бошгоҳи Мюнхен Ҳарри Кейн аз зарбаи пеналти дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 83-юм Винисиус аз пеналти гол зад ва дар вохӯрии имрӯза дубл карда, ҳисобро баробар намуд.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 8 –уми май баргузор мешавад ва дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и Мадрид баргузор мешавад.