“Байер” ва “Селтик” пирӯзиҳои навбатиашонро ба қайд гирифтанд
Дастаи «Байер» дар бозии даври 4-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Аврупо бар тими “Бетис” зафар ёфт. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо натиҷаи 4:0 ба суди дастаи олмонӣ хотима ёфт. Бозии дигари гурӯҳи “G” байни дастаҳои «Ференсварош» ва «Селтик» баргузор шуд, ки дар ин бозӣ дастаи «Селтик» бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо гардид.
Лигаи Аврупо
Гурӯҳи G
Даври 4-ум
«Байер» (Олмон) — «Бетис» (Испания) — 4:0 (1:0)
Голҳо: Диаби, 42 (1:0). Диаби, 52 (2:0). Виртс, 86 (3:0). Амири, 90 (4:0).
«Ференсварош» (Венгрия) — «Селтик» (Шотландия) — 2:3 (1:2)
Голҳо: Фуруяши, 3 (0:1). Зубков, 11 (1:1). Жота, 23 (1:2). Абада, 60 (1:3). Узуни, 86 (2:3).