Беҳтаринҳо дар ҷаҳон: Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон (TAJMMAF) як қатор ҷоизаҳои байналмилалӣ гирифт

Беҳтаринҳо дар ҷаҳон: Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Тоҷикистон (TAJMMAF)  як қатор ҷоизаҳои  байналмилалӣ гирифт

Ҳоло дар шаҳри Белгради кишвари Сербия Чемпионати Ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ  миёни варзишгарони синнашон аз 18 боло идома дорад.  

Дар доираи чорабинӣ маросими супоридани ҷоизаҳои IMMAF AWARDS 2022 баргузор гардид, ки дар он Федератсияи  муҳорибаҳои  омехтаи ғайрикасбии    Тоҷикистон соҳиби як қатор ҷоизаҳо гардид.

Ба гуфтаи президенти Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта (IMMAF) Керрит Браун онҳо талош доранд, ки ин риштаи варзишро ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 2028, ки дар Лос-Анҷелес баргузор мешавад, ба унвони як навъи варзиши намоишӣ ворид шавад. Дар ин росто рушди ММА дар Тоҷикистон боз ҳам муҳимтар мешавад.

Беҳтарин намояндагони беш аз 63 федератсияи миллӣ дар маросими солонаи IMMAF AWARDS 2022, ки дар Сербия дар чаҳорчӯби Чемпионати ҷаҳон баргузор шуд, ҷамъ омаданд.

Дар байни номинатсияҳо чунин категорияҳо, аз қабили беҳтарин варзишгар ва беҳтарин варзишгарон миёни  калонсолон ва наврасон, кашфи сол, нишондиҳандаи сол ва ғайра мавҷуданд. Бешубҳа, ҷоизаи асосӣ «Беҳтарин Федератсияи миллии сол» мебошад, ки имсол аз ҷониби Федератсияи ММА-и Тоҷикистон (TAJMMAF) дарёфт гардид.

Ҳамчунин, TAJMMAF ҷоизаҳои “Беҳтарин катман” (мутахассисе, ки варзишгарро ба мубориза омода мекунад), “Федератсияи беҳтарин дар таблиғи барномаҳои зиддидопингӣ” ва “Нокаути беҳтарин” гирифт.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Манижа Самадова размикори ҷавони тоҷик дар Чемпионати Ҷаҳон аз риштаи варзиши муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ дар Сербия  бо шикаст додани ҳарифаш аз Озарбойҷон қаҳрамони ҷаҳон гардид. Манижа аввалин тоҷикдухтар аст, ки аз ин намуди варзиш қаҳрамони ҷаҳон шуд.