Беллингем: “Гузариш ба “Реал” — беҳтарин лаҳзаи ҳаёти ман буд”

Беллингем: “Гузариш ба “Реал” — беҳтарин лаҳзаи ҳаёти ман буд”

Нимҳимоятгари дастаи “Реал” Ҷуд Беллингем интиқол ба бошгоҳи шаҳри Мадридро рӯйдоди муҳим дар ҳаёти худ номид.

"Ин дастаи махсус аст. Гузаштан ба «Реал Мадрид» беҳтарин чизест, ки бо ман рӯй дод. Ин рӯйдоди асосии соли 2023 аст," фишурдаи суханҳои Беллингемро Laureus иқтибос овардааст.

Дар мавсими ҷорӣ Беллингем дар ҳайати “Реал Мадрид” дар тамоми мусобиқаҳо 38 бозӣ анҷом дода, 22 гол ва 10 партофти головар кардааст.