Бензема бо Раул баробар шуд, акнун навбати Роналду...

Бензема бо Раул баробар шуд, акнун навбати Роналду...

Ҳуҷумкунандаи фаронсавии бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” – Карим Бензема  аз рӯи шумораи голҳо бо  Раул баробар шуд. Ҳамакнун ҳоло Раул ва Бензема дар ҳисоби хеш 323 голӣ доранд.  Бензема пас аз як голи ба самар расонидааш ба дарвозаи “Леванте”  аз рӯи шумораи голҳо бо Раул  баробар шуд. Дар он бозӣ дастпарварони Анчелотти бо натиҷаи 6 бар 0 тими “Леванте”-ро мағлуб намуданд.

Ҳамакнун бозигарон дар феҳристи нишонзанҳои беҳтарини  бошгоҳи шоҳона дар зинаи дуюм қарор дорад. Криштиану Роналду бо 450 гол беҳтарин нишонзани бошгоҳи шоҳона аст.

Ёдовар мешавем , ки Карим Бензема дар мавсими равон  дар  44 бозӣ вориди майдон шуда, ба задани 44 гол ва 15 ирсоли головар даст ёфтааст. Шартномаи Бензема бо «Реал Мадрид» то 30 июни соли 2023 амал мекунад ва ҳоло бозингар барои тамдиди шартнома бо бошгоҳ гуфтушунид доранд.