Бенземаро 10 моҳи пушти панҷара таҳдид мекунад

Бенземаро 10 моҳи пушти панҷара таҳдид мекунад

Сомонаи расмии Get French Football News хабар медиҳад, ки прокурори Фаронса барои ҳамлагари дастаи “Реал Мадрид” - Карим Бензема нисбати сӯистифода аз (шантаж) кардани нимҳимоятгари “Олимпиакос” Матё Валбуэна 10 моҳи ҳабси шартӣ талаб кард. Агар додрас бо пешниҳоди айбдоркунанда розӣ шавад, ҳамлагар бояд сараввал 75 ҳазор евро ҷарима пардохт кунад.

Ёдовар мешавем, ки ниҳоди тафтишотӣ фаронсавии 33-соларо дар оне гумонбар медонад, ки Бензема соли 2015 ҳамчун миёнарав амал карда, Валбуенаро ба пардохти шантаж таҳрик додааст, то онҳо видеои дорои хусусияти маҳрамонаро бо иштироки бозигари собиқи “Динамо Москва”-ро нашр накунанд. Аз сабаби вазъи шантаж ҳар ду бозигар ба ҳайати мунтахаби Фаронса барои Чемпионати Аврупо -2016 шомил нашуда буданд.