Бохти ҳангомавии «Рома» аз дастаи камбаҳо

Бохти ҳангомавии «Рома» аз дастаи камбаҳо

Дастаи «Буде-Глимт»-и Норвегия дар бозии даври сеюми Лигаи конфронс бар тими «Рома» дастболо шуд. Сабқати дастаҳо дар Норвегия баргузор шуда, бо натиҷаи калони 6:1 ба суди мизбонон хотима ёфт. Баъди ин комёбӣ дастаи норвегӣ соҳиби 6 имтиёз шуда, ба зинаи аввали гурӯҳи “С” баромад. Дастаи “Рома” низ 6 хол дорад, аммо дар ҷойи дуюм мавқеъ касб кардааст.

Лигаи конфронсҳо

Гурӯҳи С

Даври 3-юм

«Буде-Глимт» (Норвегия) — «Рома» (Италия) — 6:1 (2:1)

Голҳо: Ботхейм, 8 (1:0). Берг, 20 (2:0). Перес, 28 (2:1). Ботхейм, 52 (3:1). Солбаккен, 71 (4:1). Пеллегрино, 78 (5:1). Ботхейм, 80 (6:1).