Бохти нобаҳангоми Даниил Медведев дар мусобиқаи ATP-500 дар Роттердам

Бохти нобаҳангоми Даниил Медведев дар мусобиқаи   ATP-500 дар Роттердам

Ракеткаи 7-уми ҷаҳон , теннисбози рус Даниил Медведев дар мусобиқаи ATP-500 дар Роттердами Нидерланд баромади худро ба анҷом расонид. Дар бозии даври дуюм Медведев аз ракеткаи 92-юми ҷаҳон, теннисбози итолиёвӣ Маттиа Беллуччи мувоҷеҳи шикаст шуд.

Теннисбозон рӯи корт 2 соату 53 дақиқа бозӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 6:3, 6:7, 6:3 ба фоидаи Маттиа Беллуччи анҷом ёфт.

Дар марҳилаи чаҳорякниҳоии мусобиқа дар Роттердам Беллуччи бо ғолиби бозии Стефанос Ситсипас ва Таллон Грикспур бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар Роттердам аз 3 –юм то 9-уми феврал баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои ин мусобиқа 2,5 миллион евроро ташкил медиҳад. Қаҳрамони феълии мусобиқа, ракеткаи якуми ҷаҳон, теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер мебошад.

ТВ "Варзиш"