Бошгоҳи шаҳри Манчестер хостгори Ҳоланд ва Лукаку

Бошгоҳи шаҳри Манчестер хостгори Ҳоланд ва Лукаку

Бошгоҳи "Манчестер Сити" ба ҳуҷумкунандаи дастаи "Боруссия Дортмунд" Эрлинг Ҳоланд ва ҳамлагари дастаи "Интер" Ромелу Лукаку мароқ зоҳир кардааст. Дар ин бора “Goal” дар такя ба “The Telegraph” хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ бошгоҳи шаҳри Манчестер барои харидории бозингарони ҷадид беш аз 200 миллион евро ҷудо кардааст . Ҳадафи аслии онҳо дар равзанаи тобистона Ҳоланд ва Лукаку мебошад. Эрлинг Ҳоланд аз моҳи январи соли 2020 дар ҳайати бошгоҳи "Боруссия Дортмунд" ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ бо маблағи 20 млн евро аз дастаи "РБ Залтсбург" ба "Дортмунд" гузариш карда буд. Дар мавсими ҷорӣ Эрлинг дар 10 бозии чемпионати Олмон ба майдон баромада, 12 гол ва 2 партофти головар анҷом додааст.

Ҳуҷумкунандаи белгиягии дастаи "Интер"- и шаҳри Милан Ромеу Лукаку аз соли 2019 сар карда, дар ҳайати дастаи "Интер" бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ, ҳамлагари 27-сола дар чемпионати Италия 16 бозӣ гузаронида, 12 гол ва 3 ирсоли головар дорад.