Боз як мураббии дигар пешниҳоди "Бавария"-ро рад кард!

Боз як мураббии дигар пешниҳоди  "Бавария"-ро рад кард!

Сармураббии феълии мунтахаби футболи Австрия Ралф Рангник наметавонад шурӯъ аз мавсими ҷадид «Бавария»-ро тамрин диҳад.

Чӣ тавре журналист Флориан Плеттенберг дар шабакаҳои иҷтимоии хеш хабар медиҳад роҳбарияти «Бавария» бо Рангник гуфтушунидҳоро оғоз кардааст, вале ин ҳама бенатиҷа анҷм ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки худи мураббӣ розӣ нашудааст то аз мавсими ҷадид “мюнхениҳо”-ро тамрин диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Ралф Рангники 65-сола моҳи декабри соли 2021-ум ба ҳайси сармураббии «Манчестер Юнайтед» таъин шуда буд, вале моҳи майи соли 2022 аллакай ин дастаро тарк намуд.

«Бавария»-ро айни ҳол Томас Тухел тамрин медиҳад, ки бо анҷоми мавсими-2023/2024 аз даста меравад. Пештар дар ВАО оиди иштиёқи мюнхениҳо ҷониби Роберто Де Дзерби, Унаи Эмери ва Юлиан Нагелсман навишта шуда буд. Вале баъдан хабаре баромад, ки Рангник чунин пешниҳоди “мюнхениҳо”-ро рад кардаааст ва мехоҳад то охири мӯҳлати шартномааш, яъне то соли 2026 бо мунтахаби футболи Австрия кор кунад. Мӯҳалти шартномаи мутахассиси олмонӣ ҳам бо австриягӣ баъди гирифтани роҳхати Евро-2024 то соли 2026 дароз карда шуда буд.