Боз як сактаи қалб дар майдон. Ин маротиб дар Норвегия

Боз як сактаи қалб дар майдон. Ин маротиб дар Норвегия

Бозии даври 27-уми дивизиони дуюми Норвегия байни дастаҳои «Согндал» ва «Стордалс Блинк» ба далели бемории қалби футболбози тими мизбон Эмил Палссон идома наёфт.

Ҳодиса дар дақиқаи 12-уми қисми аввал рух дод. Эмил Палссон ногаҳон ба майдон афтод, довар дарҳол бозиро қатъ намуда ба майдон табибонро даъват кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти «Согндал» нимҳимоятгарро фавран тавассути чархбол ба бемористон интиқол доданд. Муолиҷаи ӯ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамин гуна ҳодиса тобистони соли гузашта дар бозии Чемпионати Аврупо-2020 байни дастаҳои мунтахаби Дания ва Финландия рух дода буд. Нимҳимоятгари даниягӣ Кристиан Эриксен дар охири қисми аввал ҳангоми бозӣ ногаҳон беҳуш шуд ва аз пой афтид. То имрӯз муолиҷаи ӯ идома дорад ва ҳоло маълум нест, ки Эриксен кай дигарбора ба майдон бармегардад.