Бозгашти Ҷошуа ба майдони набард

Бозгашти Ҷошуа ба майдони набард

Дорандаи чор камарбанди қаҳрамони ҷаҳон, Энтони Ҷошуаи бритониёӣ ба хабарнигорон гуфт, ки омода аст бар зидди қаҳрамони мутлақи ҷаҳон вазни вазнин - Александр Усик ба ринг барояд. Аммо рақобати бо Тайсон Фйюри зери суол аст. Фйюри, дорандаи унвони Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC), ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки рақиби навбатиаш киро интихоб кунад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷошуа соҳиби чор камарбанди қаҳрамонӣ: Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA), Федератсияи байналмилалии бокс (IBF), Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) ва Созмони байналмилалии бокс (IBO) мебошад. 12 декабр ӯ унвонро бар зидди Кубрат Пулеви булғорӣ доир мекунад.