Бразилия ба Чемпионати ҷаҳон-2022 сууд кард

Бразилия ба Чемпионати ҷаҳон-2022 сууд кард

Дастаи мунтахаби футболи Бразилия ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2022, ки дар Қатар баргузор мешавад, роҳ ёфт. Ин пас аз пирӯзии бразилиягиҳо бар Колумбия дар бозии даври 13-уми интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар минтақаи Амрикои Ҷанубӣ рух дод. Мунтахаби Бразилия дар бозӣ бо Колумбия бо натиҷаи 1:0 пирӯз шуд, ки ягона голи ин рақобатро дар дақиқаи 72-юм Лукас Пакета зад.

Ҳамин тариқ, Бразилия пас аз 13 давр 34 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи аввали  қарор дорад ва худро дар байни чаҳор дастае, ки аз Амрикои Ҷанубӣ ба чемпионати ҷаҳон ба Қатар мераванд, таъмин кард.