Чемпионати ҷаҳон-2021 барои Комроншоҳ хотима ёфт

Чемпионати ҷаҳон-2021 барои Комроншоҳ хотима ёфт

Комроншоҳи Устопириён, ки Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон-2021 дар вазни -90кг намояндагӣ мекард, аз идомаи мусобиқот маҳрум шуд. Устопириён дар даври аввал бо рақибаш аз кишвари Габон Адама Далекс даст ба гиребон шуд. Ин ҷудочии шинохтаи тоҷик бар Адама Далекс пирӯз шуда, ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар даври 2-юм Комроншоҳи Устопириён бар намояндаи Перу Юта Галаррета дастболо шуд. Дар даври сеюми Комроншоҳи Устопириён аз чоизадори чор нишони тиллои Grand Slam ҷудочии кишвари шветсия - Маркус Ниман дучори бохт шуда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум гардид. Паҳлавони дигари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар даври аввали Чемпионат аз ҷудочии Швейтсария ноком шуда, ӯ низ рақобатҳои Чемпионати ҷаҳонро барои худ хотима дод.