Далер дар даври ¼ ниҳоии Чемпионати ҷаҳон
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Далер Ризозода (77кг) дар даври 1/8 финали Чемпионати ҷаҳон аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ бар гӯштингири колумбиягӣ Брандон Перес пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Акнун ин варзишгари тоҷик дар даври ¼ ниҳоӣ бо Тамас Левейи маҷористонӣ даст ба гиребон мешавад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар Шаҳри Белгради Сербия идома мекунад. Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) дар чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳанд кард.