Далер дар даври тасаллобахш рақобаташро идома медиҳад
Паҳлавони шинохтаи тоҷик Далер Ризозода (77кг) дар даври 1/8 финали Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола аз намуди гӯштини юнонӣ-римӣ бар намояндаи Колумбия Брандон Перес пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Вале мутаассифона варзишгари тоҷик дар даври ¼ ниҳоӣ аз Тамас Левейи маҷористонӣ мағлуб гардид. Акнун Далер Ризозода имрӯз дар даври тасаллобахш бо намояндаи Шветсия – Пер Албин рақобат мекунад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 23-сола аз 1 то 7 ноябр дар шаҳри Белгради Сербия идома мекунад. Ба иттилои хадамоти матбуотии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) дар чемпионат, ки аз рӯи равияҳои тарзи озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон сурат мегирад, ҳудуди 620 варзишгар аз 58 давлат ширкат хоҳанд кард.