Далер Ёдгоров дар “Хуҷанд” як мавсими дигар бозӣ мекунад!

Далер Ёдгоров дар  “Хуҷанд” як мавсими дигар бозӣ мекунад!

Бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд ва Далер Ёдгоров шартномаи ҳамкориро тамдид карданд. Дар ин бора худи бошгоҳ хабар додааст.

Далер дар мавсими гузашта дар ҳайати “Хуҷанд” 16 бозӣ гузаронида ба задани 6 гол ноил гардида буд.

Ҳоло Далер бо даста барои як мавсим шартнома ба тасвиб расонид. Дар мавсими гузашта футболбоз дар нимаи мавсим тарки “Хуҷанд” карда, дар чемпионати Ҳиндустон ҳунарнамоӣ карда буд.