Дар бозии “Реал” ва “Арсенал” ғолиб муайян шуд
Дар доираи бозиҳои Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо “Реал Мадрид” бо “Арсенал” дидор анҷом дод. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Федекс Филд” сурат гирифта, вақти асосӣ бо ҳисоби 2:2 хатм гардид. Дар ин майдондорӣ голҳои “тӯфангдорон”-ро Ляказетт ва Обамеянг марбути номи худ намуданд. Тӯбҳои “гаразмониҳо”-ро бошад, ҳамлаварон Бэйл ва Асенсио муаллифӣ карданд. Барои муайян кардани ғолиб дастаҳо маҷбур шуданд ба задани силсилазарбаҳои ҷаримавии 11 метра шуруъ кунанд, ки дар натиҷа бошгоҳи шоҳона бо ҳисоби 3:2 муваффақ шуда, соҳиби ду имтиёз гардид. Бори дигар хотиррасон мекунем, ки ин мусобиқаи тиҷоратӣ буда, натиҷааш барои дастаҳо ягон аҳамияте надорад.
Ҷоми байналмилалии қаҳрамонҳо
"Реал" (Испания) - "Арсенал" (Англия) - 2:2 (0:2). Пеналти - 3:2
Голҳо: Ляказетт, 10 - пеналти (0:1). Обамеянг, 24 (0:2). Бэйл, 56 (1:2). Асенсио, 59 (2:2).
Пеналти: Нелсон - 0:1. Бэйл - 0:1 (дарвозабон). Ҷака - 0:1 (дарвозабон). Иско - 1:1. Сака - 1:2. Варан - 2:2. Монреаль - 2:2 (тири дарвоза). Винисиус Жуниор - 3:2. Бертон - 3:2 (болои дарвоза).
"Реал": Навас (Куртуа, 46), Серхио Рамос (де ла Фуэнте, 65), Начо, Менди (Марселу, 46), Карвахал (Одриосола, 46), Модрич (Фидальго, 65), Кроос (Сеоане, 65), Йович (Варан, 16), Васкес (Иско, 46), Бензема (Бэйл, 46), Азар (Асенсио, 46. Винисиус Жуниор, 65).
"Арсенал": Мартинес, Папастатопулос, Колашинатс, Чемберс, Ҷака, Мэйтланд-Найлс, Уиллок (Монреал, 46), Озил (Бертон, 74), Мхитарян (Сака, 74), Ляказетт (Нкетиа, 74), Обамеянг (Нелсон, 74).