Дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар Қазоқистон, кадом ҷудокорон ғолиб омаданд?

Дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар Қазоқистон,  кадом ҷудокорон  ғолиб омаданд?

Рӯзҳои 4-7 август   пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон мизбонӣ  Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон  (Asian Senior Championships 2022)  аст.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудокорон зери вазнҳои  -48 кг, -52 кг, -60 кг ва -66 кг нерӯсанҷӣ карда, ғолибонро мушаххас намуданд.

Ғолибони рӯзи якуми   "Asian Senior Championships 2022 :

Вазни -48 кг
1.Кога Вакана (Ҷопон)
2. Абужакюнова Абиба (Қазоқистон)
3 . Ганбаатар Нарантсетсег (Муғулистон)
3. Ли Ҳйекйеонг (Кореяи Ҷанубӣ)


Вазни -52 кг
1.Келдийорова Дийора (Ӯзбекистон)
2.Шишиме Ай (Ҷопон)
3.Юнг Йерин (Кореяи Ҷанубӣ)
3.Бишрелт Хорлудой (Муғулистон)


Вазни -60 кг
1. Нагайама Рйуҷу (Ҷопон)
2.Ким Вон Ҷин (Кореяи Ҷанубӣ)
3 Шамшадин Магжан (Қазоқистон)
3. Янг Юнг Вей (Тайпеи Чин)


Вазни -66 кг 

1.Йондонперенлей Басхуу (Муғулистон) 

2. Танака Риёма (Ҷопон)

3.Тилолов Мухриддин (Ӯзбекистон)

3.Киргисбайев Гусман (Қазоқистон)


Ёдовар мешавем, ки пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.

Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат меварзанд.