Дар “Zagreb Grand Prix 2022” - Тоҷикистонро кадом ҷудокорон намояндагӣ мекунанд?

Дар “Zagreb Grand Prix 2022” -  Тоҷикистонро кадом ҷудокорон намояндагӣ мекунанд?

Аз 15-ум то 17-уми июл дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 баргузор мешавад.

Мусобиқа 3 рӯз идома ёфта, дар он ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 нафар ҷудокор муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.

Тими Тоҷикистон:
-60кг | Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-60кг | Муҳаммад Маҳмадизода
-66кг | Шаҳбоз Саидабуроров
-66кг | Алиҷон Сафаралиев
-73кг | Наврӯз Каримзод
-81кг | Шодмон Ризоев
-90кг | Ҷаҳонгир Маҷидов
-90кг | Комроншоҳ Устопириён

Варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.


Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 15-уми Июл | Ҷумъа
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -48 кг, -52 кг, -57 кг;
Мардон: -60 кг, -66 кг

Рӯзи 2 | 16-уми Июл | Шанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -63 кг, -70 кг;
Мардон: -73 кг, -81 кг

Рӯзи 3 | 17-уми Июл | Якшанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -78 кг, +78 кг;
Мардон: -90 кг, -100 кг, +100 кг

P.S Оғози рақобатҳо ба вақти Душанбе аст.
 Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ “Варзиш” дар назар аст.