Дастаи орзуҳои Садио Мане
Форварди сенегалии бошгоҳи “Ливерпул” Садио Мане ҳайати орзуҳои худро тартиб дод. Сенегалӣ дар ҳайаташ Роналдиню ва Эл Хаҷӣ Диуфаро ки аз хурдӣ меписандид ҷой дод.
- Инчунин ба ман бозии Самюэл Это’О писанд аст, ӯ футболбози нодир аст. Яя Туре ҳамчунин ӯ низ яке аз беҳтаринҳост... Ман аз қафои Месси меравам. Албатта! Ман ҳамеша Мессиро меписандам ӯ нодиртарин нобиғаи футбол аст, — иқтибос меорад SPORTbible аз суханҳои Мане.
Мане дар мавсими ҷории ПЛА дар ҳайати “Ливерпул” 26 маротиба ба майдон омада, ба задани 14 тӯб даст ёфтааст.