Дербии Суғдзамин ба фоидаи кӣ хотима ёфт?

Дербии Суғдзамин ба фоидаи кӣ хотима ёфт?

Дар рақобати даври 24-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ду дастаи Суғдзамин «Истаравшан» ва «Хуҷанд» вориди майдони рақобат шуданд. Набарди дастаҳо дар шаҳри Истаравшан баргузор шуда, бо натиҷаи 2:1 ба суди хуҷандиҳо поён ёфт. Дар фарҷоми қисми аввали бозӣ Шаҳзодҷон Маъмурҷонов мизбононро ба пеш баровард. Баъд аз ду дақиқаи Комрон Турсунов аз зарбаи ҷаримавии 11 метра натиҷаро баробар кард. Дар ин вохӯрӣ Олимҷон Каримов нуқтаи ниҳоиро гузошта, пирӯзии дастаи «Хуҷанд»-ро таъмин намуд. Дар бозии дигари даври мазкур дастаҳои «Хатлон» ва «Эсхата» майдондорӣ намуданд, ки дар ин бозӣ «Хатлон» бо натиҷаи 2:1 дастболо шуд.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 24-ум

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 –пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 59 (1:2).

«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).