ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!

ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!

Муассисаи давлатии телевизиони “Варзиш” ба диққати мухлисони ватанӣ мерасонад, ки тибқи талаботи шарикони хориҷӣ зарурати иваз намудани “бисс код”-и ТВ Варзиш фаро расидааст. Аз ин рӯ аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки барои дастрас кардани “бисс код”-и нав ба телефонҳои  2219014, 221-90-13, 221-90-32 занг занед. 
PS: Дӯстони гиромӣ! Талаботи ҳуқуқи пахши мусобиқоти варзишӣ дар ҷаҳони муосир барои ҳар як кишвар қоидаву ҳуқуқҳои хоси худро дорад ва бояд он ҳатман риоя шавад, яъне ҳангоми харидории ҳуқуқи пахши мусобиқаҳои футболӣ пахши он танҳо дар ҳудуди ҳамон кишвар иҷозат дорад. Ба ҳамин тартиб телевизиони “Варзиш” пахши мусобиқоти футболи қораи Аврупо, ба мисли Премйр Лигаи Англия, Ла Лига, Серия А ва ғайраро танҳо барои кишвари худ ва сокинони Тоҷикистон харидорӣ намудааст. Аммо тавре ба ҳамагон маълум аст, барои дастрасии сигнал ба мардуми минтақаҳои дурдаст ва фарогирии пурраи ТВ “Варзиш” он тавассути моҳвора пахш мешавад ва ин мавҷ ба зиёда аз 30 кишвари хориҷ дастрас аст. Аз ин рӯ, тибқи талаботи қарордод дар фаъолияти телевизиони “Варзиш” махфияти системаи “бисс код” ба роҳ монда шудааст ва он тез тез иваз мешавад, то ки  инъикоси мусобиқотҳои варзишӣ барои мардуми аз мо бегона озод дастрас набошад. Аммо бинандагони мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ “бисс код”-ҳои махфии ТВ “Варзиш”-ро ифшо мекунанд, ки он ба фаъолияти мо халал ворид карда боварии  шариконамонро аз мо кам менамояд. 
Дар робита ба ин мавзӯъ сокинони як зумра кишварҳои араб системаи “бисс код”-и телевизиони “Варзиш”-ро рахна намуда, онро маъмул намуданд, ки ин хилофи талабот ва вайрон намудани қонуни ҳуқуқи фарогирии минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Телевизионҳои варзишии кишварҳои араб, ки аз пахши барномаҳои варзишӣ ва хосан футбол даромади беандоза мегиранд, бинандагони худро гум карда, нисбати дастрас будани сигнали телевизиони “Варзиш” шикоят ирсол кардаанд. 
Аз ҳамин лиҳоз ва тибқи талаботи шарикон телевизиони “Варзиш”-ро зарурати иваз намудани “бисс код” ба миён омадааст. Аз мухлисони ватанӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ҳолати мазкурро дуруст дарк намуда моро дар ин ҷода дастгирӣ намоянд. 
Мо омодаем “бисс код”-и навро тариқи телефони 2219014, 221-90-13, 221-90-32 шифоҳӣ ба тамошобинони ватанӣ дастрас намоем. Ҳамзамон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки “бисс код”-и дастраснамударо дар сомонаҳои интернетӣ ташвиқу тарғиб накунед. Қаблан аз дастгириатон сипосгузорем!