Дилшод Назаров бо Владимир Максимов дар Камбоҷа мулоқот кард!

Дилшод Назаров бо Владимир Максимов дар Камбоҷа мулоқот кард!

4 –уми  октябр дар ҳошияи ҷаласаи 41-ум Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар шаҳри Пном Пени Камбоҷа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров бо президенти Кумитаи байналмилалии бозиҳои “Бачаҳои Осиё” Владимир Максимов мулоқот кард. Дар ин бора Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои ҳамкорӣ, рушди варзиш миёни ҷавонон ва масъалаҳои 2-юм Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”-ро баррасӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки 2-юм Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” аз 23 феврал то 5 марти соли 2023 дар шаҳри Кузбас, вилояти Кемеровои Федератсияи Россия баргузор мешавад.

Владимир Максимов изҳор намуд, ки хароҷоти сафари ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Кумитаи байналмилалии бозиҳои “Бачаҳои Осиё” таъмин хоҳад кард.