Дилшода Раҳмонова бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 17-соларо дар Индонезия ҳакамӣ дорад

Дилшода Раҳмонова бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 17-соларо дар Индонезия ҳакамӣ дорад

Қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 миёни духтарони то 17-сола дар Индонезия ҷараён дорад, ки ҳашт даста барои се роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мубориза мебаранд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. 

Дар миёни доварони мусобиқот намояндаи Тоҷикистон – ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова низ ҳаст. Раҳмонова дар оғози Ҷоми Осиё-2024 ёвари Вероника Бернатская (Қирғизистон) дар бозии гурӯҳи «В» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Австралия (3:0) буд.

Қаблан хабар дода будем, ки довари тоҷик Гулмуроди Саъдулло бозии тимҳои миллии Сингапур ва Кореяи Ҷанубиро доварӣ мекунад.