Дубли Ҳоланд ва шаби голҳо дар “Сигнал Идуна Парк”

Дубли Ҳоланд ва шаби голҳо дар “Сигнал Идуна Парк”

Дар бозии оғозбахшандаи даври 19-уми Бундеслигаи Олмон дастаҳои “Боруссия Дортмунд” ва “Кёлн” рақобат карданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Сигнал Идуна Парк” –и шаҳри Дормунд сурат гирифта, бо ғалабаи дастаи мизбон ба поён расид. 
Пеш аз бозӣ:
Дастаи пурабҳои ин рақобат тими “Боруссия” маҳсуб мешуд. Дар мавсими ҷорӣ дортмундиҳо ҳарчанд дар сафар дучори душворӣ мешаванд, вале дар майдони худ боре ҳам мағлуб нашудаанд. Аз 8 бозӣ 5 дидор бо ғалаба анҷом ёфта, 3 дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ ба поён расиданд. 
Дастаи “Кёлн”  бошад моҳи декабр дар зинаи охирини Бундеслига, яъне мавқеи 18-ум қарор дошт, аммо бо иваз кардани сармураббӣ, ин даста аз таҳхона наҷот ёфта ба ин бозӣ дар зинаи 13-ум ҳозир шуд. Зери роҳбарии Маркус Гиздол “Кёлн” дар 4 бозии охир 4 ғалаба дошт. Аз ин бармеомад, ки рақиби дортмундиҳо дастаи соддаву саҳл нахоҳад буд. 
Рафти бозӣ:
Дар амал кулан дигар ҳолат рух дод. Ҳанӯз дар дақиқаи якуми майдондорӣ Рафаел Герейру аз партофти Ҷейдон Санчо ҳисоби бозиро кушод. Дар дақиқаи 29-ум бошад Марко Ройс ҳисобро дуболо намуд. Қисми аввал бо ҳисоби 2:0 ва афзалияти пурраи мизбонон анҷом ёфт. 
Қисми дуввуми майдондорӣ бо голи задаи Ҷейдон Санчо оғоз ёфт. Баъд аз ин гол футбозони “Боруссия” андаке ором шуда, ташаббуси бозиро ба дасти рақиб супурданд. Имкониятҳои голзанӣ оҳиста – оҳиста аз худ дарак медоданд. Билохира дар дақиқаи 64-уми майдондорӣ Марк Ут як голи дастаи “Кёлн”-ро ба самар расонд. 
Пас аз як дақиаи ин гол ба майдон бозигари нави “Боруссия” Эрлинг Ҳоланд ворид шуд. Ӯ аз дақиқаи 77 –ум то ба 87-ум 2 голро марбути номи худ сохта, ҳисобро 5:1 сохт. Рақобати дастаҳо бо ҳамин ҳисоб ба поён расид ва дастаи шаҳри Дормунд ба зинаи сеюм баромад. “Кёлн” бошад дар нимаи дуввуми ҷадвал қарор дорад.