Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромуш намешавад

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ ҷиз фаромуш намешавад

Имрӯз дар Муассисаи давлатии таҳсилоти асосии мактаб-интернати №-2 барои кӯдакони имконияти маҳдудлоштаи шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ миёни ашхоси имконияти маҳдуддошта, бо дастгирии ташкилоти олипиядаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, он давоми ду рӯз идома мекунад. Дар ин чорабинии варзишӣ иштирокчиён аз рӯи намудҳои варзиши тенниси рӯи миз, варзиши сабук, волейбол ва баскетбол ҷараён мегирад, ки дар он дастаҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар барои ишғоли мақомҳои ифтихорӣ миёни ҳам талош доранд. Ба иттилои дастандаркорон дар мусобиқа беш аз 130 иштирокчӣ ҷалб шудаанд. Мавриди зикр аст, ки ин мусобиқаи анъанавӣ буда, ҳамасола кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ҳади ақал дар як сол як бор ба ҳам оварда шаванд. Ҳамзамон чунин чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасмандии чунин ашхоси ҷомеаро ба варзиш боз ҳам бештар мегардаонад.