Эдинсон Кавани корномаи футболбозиашро ба анҷом расонид

Футболбози афсонавии тими миллии Уругвай - Эдинсон Кавани тасмим гирифт, ки корномаашро дар ҳайати тими мунтахаб ба анҷом расонад. Ҳамлагари 37-сола ҳоло дар дастаи «Бока Хуниорс» бозӣ мекунад.
Кавани дар ҳайати тими миллии Уругвай 136 бозӣ гузаронида, 58 гол задааст. Ӯ аввалин маротиба дар ҳайати тими миллии Уругвай соли 2008 баромад карда буд.
Ӯ аз рӯи шумораи бозиҳо (136) сеюм ва инчунин қаҳрамони Ҷоми Амрико дар соли 2011 мебошад. Дар чемпионатҳои ҷаҳон 2010 (ҷойи 4-ум), 2014 (1/8 финал), 2018 (1/4 финал) ва 2022 (марҳилаи гурӯҳӣ) ширкат кардааст.