Эмомалӣ барои нишони тилло ва Ҷебов барои нишони биринҷии Antalya Grand Slam 2024 мубориза мебаранд

Эмомалӣ барои нишони тилло ва Ҷебов барои нишони биринҷии Antalya Grand Slam 2024 мубориза мебаранд

Дар рӯзи якуми мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 ҷудокорони тоҷик Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов зери вазни то 66 кг аз худ ҳунару маҳорати баланд нишон дода, шоми имрӯз барои зинаҳои фахрии мусобиқа рақобат мекунанд.

Ҷудокори ҷавони тоҷик Обид Ҷебов (-66 кг) дар даври аввали мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 бо ҷудокори мизбон Миҳрак Аккуси 23 сола нерӯсанҷӣ кард, бо имтиёзи иппон пирӯзӣ ба даст овард

Ҷебов дар даври дуюми мусобиқа муқобили Рашад Йелкийеви озарӣ тариқи огоҳӣ дар вақти тиллоӣ зафар ёфта, роҳашро ба даври сеюм ҳамвор кард.

Дар даври сеюм Ҷебов муқобили Орландо Поланкои кубагӣ дар вақти асосӣ бо ду имтиёзи вазарӣ дастболо гардида, роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор сохт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ бахт ба рӯи Обид Ҷебов нахандид ва ӯ аз Валид Кяри фаронсавӣ мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт.

Ҷебов дар даври тасаллобахши Antalya Grand Slam 2024 муқобили Нармандах Байанмунх аз АМА дар 14 сония пирӯзӣ ба даст оварда, шоми имрӯз барои нишони биринҷӣ бо Муҳаммад Демирели мизбон гӯштин мегирад. Демирал дар даври нимниҳоӣ аз ҷудокори мо Эмомалии Нуралӣ мағлуб шуда буд.

Ҷудокори ҷавону умедбахши дигари мо Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) дар даври аввали мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 озод буд ва дар даври дуюм бидуни мушкили муқобили Элиос Манзии итолиёвӣ бо имтиёзи иппон пирӯзӣ ба даст овард.

Паҳлавони соҳибноми мо дар даври сеюм муқобили Ҳаким Агамаммедов аз Туркманистон бо се огоҳӣ пирӯз шуда, роҳашро ба даври чаҳорякниҳоӣ ҳамвор кард.

Эмомалӣ дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили Айбек Уулуи қирғиз бо як имтиёзи вазарӣ дастболо гардида, роҳашро ба даври нимниҳоӣ ҳамвор сохт.

Дар даври нимниҳоии мусобиқа Эмомалӣ муқобили Муҳаммад Демирели мизбон бо нерӯи рустамона мубориза бурда, бо ду имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, ба финал баромад ва онҷо бо қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон ва қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи 26 сола аз Ҷопон гӯштин мегирад.

Ёдовар мешавем, ки бори дуюм аст, ки ин ду ҷудокор бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Соли 2022 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Тошканд Эмомалӣ дар як рақобати сахту сангин ва тӯлонӣ аз Абе мағлуб шуда буд ва ҳоло фурсати қасди он бохтро гирифтан барои ҷудокори мо фароҳам гаридааст.