Эрон бо мушкилӣ мунтахаби Тоҷикистонро шикаст дод

Эрон бо мушкилӣ  мунтахаби Тоҷикистонро шикаст дод

Дар бозии 3-юми гурӯҳи "В"-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 рӯзи 31-уми октябр мунтахабҳои олимпии зери 23-солаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳузури 7200 нафар мухлис андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардида, бо пирӯзии эрониҳо ба фарҷом расид .

Дар қисми аввали бозӣ нахуст ба шогирдони Мубин Эргашев имкон даст дод, ки дар дақиқаи 10-уми бозӣ бо голи ба самар расонидаи Ислом Зоиров ҳисоби бозиро боз кунанд. Пас аз 3-дақиқа ба футболбози бомаҳорати яккачини зери 23-солаи Эрон -Ёсин Салмонӣ имконият ба даст омад, ки аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев кунад ва ҳисоби бозиро мусовӣ намояд. Бо гузаро шудани 6 -дақиқа Ёсин Салмонӣ аз як фурсати ба миён омада самаранок истифода бурда, натиҷаро 2:1 ба фоидаи тими олимпии Эрон (U-23) кард. Дар дақиқаи 22-юми бозӣ пас аз таъин кардани зарбаи ҷаримавии пеналтӣ аз ҷониби довари бозӣ Ким Ву Сунг ба дарвозаи Эрон - ниммуҳофизатгари бомаҳорати мунтахаби олимпии Тоҷикистон - Эҳсони Панҷшанбе зарбаро дуруст ба самар расонида, натиҷаро мусовӣ кард. Дар охирҳои қисми аввали бозӣ Ёсин Салмонӣ як тӯби дигар ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев ба самар расонд ва бо ҳамин натиҷаи 3:2 дастаҳо ба танаффус баромаданд. Дар қисми дуюми бозӣ мухлисон шоҳиди гол нашудаанд, ҳарчанд ҳар ду мунтахаб фурсатҳои зиёди голзанӣ дар назди дарвозаи якдигар доштанд. Пас аз пирӯзӣ шогирдони Меҳди Маҳдавикӣ шумораи имтиёзҳояшонро ба 9-адад расонида, садрнишини гурӯҳи "В" гардид. Тими олимпии Тоҷикистон бо доштани 6 -имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал маскан гирифт. Дар ҳоли ҳозир мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар қатори чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро касб кардаанд, қарор дорад. Аммо оё тими мо соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022 мешавад, ба натиҷаи бозии дастаҳои Ветнам ва Мянмар, ки рӯзи 2 -юми ноябр дар Бишкек баргузор мешавад, вобастагӣ дорад. Агар яке аз дастаҳо бо ҳисоби ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) пирӯз шавад, мунтахаби Тоҷикистон роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ хоҳад гирифт. Агар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёбад, он гоҳ кортҳои зард ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022

Гурӯҳи "В"

Эрон (U23) 3:2 Тоҷикистон (U23)

Голҳо: Ислом Зоиров 10', Ёсин Салмонӣ 13', 19' , Эҳсони Панҷшанбе 22', Ёсин Салмонӣ 45'