"Эвертон" хостгори сарвони "ПСЖ"

"Эвертон" хостгори сарвони "ПСЖ"

Дифоъгари бошгоҳи "ПСЖ" ва тими мунтахаби "Бразилия" Тяго Силва мумкин аст, ки корнамоии варзишиашро дар Англия идома диҳад. Дар ин бора журналист Николо Скира дар сомонаи твитераш хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи сарчашма ба бозингари 35- сола бошгоҳи "Эвертон" мароқ зоҳир карда, мехоҳад ӯро ба ҳайати даста шомил кунад, аммо ҳоло Силва дар ин бора бо бошгоҳи "ПСЖ" ба қароре наомадааст.

Силва соли 2012 аз дастаи "Милан" бо маблағи 42 млн € ба бошгоҳи "ПСЖ" гузариш карда буд. Дар мавсими 2019-2020 Силва дар 30 бозӣ вариди майдон шуда, муаллифи 1 гол ва 1 партофти головар гардидааст.

Хотиррасон мешавем, ки бо сабаби пандемияи коронавирус чемпионати Фаронса пеш аз муҳлат ҷамъбаст гардид ва бошгоҳи "ПСЖ" қаҳрамони лига дониста шуд.