Евро-2020 барои Италия фаромӯшнашаванда оғоз шуд

Евро-2020 барои Италия фаромӯшнашаванда оғоз шуд

Мухлисон ва ҳаводорн дар оғози Евро-2020 байни дастаҳои миллии Туркия ва Италия шоҳиди бозии шадид ва таърихӣ гардиданд. Имрӯз, 12-уми июн (дар Рим 11-уми июн) бо бозӣ байни дастаҳои Туркия ва Италия рақобатҳои деринтизори Евро-2020 оғоз шуданд. Тибқи муқаррароти УЕФА Евро-2020 имсол дар 11 шаҳри 11 кишвари қора баргузор мешавад. Бозии туркҳо бо итолиёвиҳо дар варзишгоҳи Олимпикои шаҳри Рим сурат гирифт. Вохӯрии дастаҳо пуршиддат оғоз шуд. Мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда, бо зарбаҳои пай дар пайяшон дифоъгарони сурхпӯшро ба ғафлат меоарданд. Гарчанде, ки галадиаторҳо имкониятҳои зиёди голӣ доштанд, вале қисми авали бозиро бидуни навистани гол дар рӯи варақ хотима доданд. Қисми дуюми бозӣ низ бо бартарии мизбонон шуруъ шуд. Зарбаҳои пай дар пайи Италия футболбозони меҳмонро маҷбур кард, ки дар дақиқаи 53-юм бо худголи Мерих Демирал ба пеш бароянд. Мерих Демирал нахустин футболбозе дар таърих шуд, ки мусобиқаи Евроро бо худгол оғоз мекунад. Баъдан дар дақиқаҳои 66-ум Чиро Иммобиле ва Лорентсо Инсинйе 79-ум ду голи дигари дастаашонро ба самар расонида, пирӯзии Италияро дар оғози Евро-2020 таъмин карданд. Акнун баъди ин дидор Италия бо касби се хол дар зинаи аввали гурӯҳи “А” ҷой дорад. Имрӯз, 12 июн бозии дуввуми гурӯҳ байни тимҳои миллии Уэлс ва Швейтсария баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки Евро-2020 мебоист тобистони соли гузашта баргузор шаад, аммо бинобар пандемияи коронавирус, мусобиқа ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд. Бозиҳо аз 11 июн то 11 июл дар чанд шаҳри Аврупо, баргузор мешаванд.

Евро-2020

Гурӯҳи А 

Дари 1-ум

Туркия — Италия — 0:3 (0:0)

Голҳо: Мерих Демирал, 53 — (худгол) (0:1). Иммобиле, 66 (0:2). Инсинйе, 79 (0:3).

Туркия: Угурҷан Чакир, Чаглар Сеюнҷю, Зеки Челик, Мерих Демирал, Умут Мераш, Озан (Каан Айхан, 65), Хакан Чалханоглу, Окай Йокушлу (Ирфан Кахвежи, 65), Бурак Йилмаз, Кенан Караман (Халил Дервисоглу, 76), Юсуф Язижи (Ченгиз Юндер, 46).

Италия: Доннарумма, Кйеллини, Бонуччи, Флорентси (Ди Лорентсо, 46), Спинатсола, Жоржинйю, Барелла, Локателли (Кристанте, 74), Иммобиле (Кйеза, 81), Инсинье (Белотти, 81), Берарди (Бернардески, 85).