Фаластин ва Исроил мизбонони эҳтимолии Ҷоми ҷаҳон-2030

Фаластин ва Исроил мизбонони эҳтимолии Ҷоми ҷаҳон-2030

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино идеяи баргузории Ҷоми ҷаҳонии соли 2030-ро дар Исроил ва кишварҳои дигари Шарқи Наздик ба миён гузошт.

Роҳбари ФИФА ҳангоми нахустин сафари худ ба Исроил бо нахуствазири ин кишвар Нафтали Бенет дар бораи баргузории Ҷоми ҷаҳон дар минтақаи мазкур суҳбат намуд.

"Чаро мо наметавонем дар бораи баргузории Ҷоми ҷаҳон дар Исроил ва кишварҳои ҳамсояи он аз ҷумла Фаластин орзу накунем? — қайд намуд, Инфантино.

Интихоби макони ниҳоии баргузории Ҷоми ҷаҳон - 2030 дар Конгресси 74 -уми ФИФА соли 2024 дар назар аст.