Фаронса бо ғалабаи бузург Ҷоми Ҷаҳонро оғоз кард

Фаронса бо ғалабаи бузург Ҷоми Ҷаҳонро оғоз кард

Дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи  гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳони футбол дар Қатар  мунтахабҳои “Фаронса” ва “Австралия”  ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эл-Ҷануб”  доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 1  ба суди фаронсавиҳо   хотима ёфт.

Ҳарчанд автралиягиҳо дар дақиқаҳои аввали бозӣ бо голи задаи Крейг Гудвин ба пеш баромаданд, аммо шогирдони Дишам дар идома ба задани 4 гол даст ёфтанд.

Ҳамлагар - Оливйе Жиру дубл ба самар расонид. Килиан Мбаппе низ ба задани гол даст ёфт. Дастаи Фаронса қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст ва бо мақсади ҳимояи унвони худ ба Қатар омадааст.  

Дар гурӯҳи “D” аз рӯи натиҷагирии рӯзи бозӣ Фаронса пешсаф (3 имтиёз), Дания дуюм (1 имтиёз), Тунис севум (1 имтиёз), Австралия чаҳорум (0 имтиёз) мебошанд.

Мунтахаби Фаронса  вохӯрии навбатиро рӯзи 26-уми ноябр бо мунтахаби  Дания (соати 21:00 бо вақти Душанбе) мегузаронад, австралиягиҳо бошад, худи ҳамон рӯз (соати 15:00 бо вақти Душанбе) бо Тунис вомехӯранд.

Ҷоми Ҷаҳон | Гурӯҳи “D” |Даври 1

“Фаронса” – “Австралия”  4:1

Голҳо: 27` Рабйо, 32` Жиру, 68` Мбаппе, 71` Жиру -  9`  Гудвин